Точикон, арманихо ва «Наша Раша»   Leave a comment

Точикон, арманихо ва «Наша Раша»

               Бо амри такдир, инак, ду сол мешавад, ки ман дар шахри Ростови сохили Дон, дар Русия зиндаги мекунам. Шахри сарсабзу зебоест, хамеша ба ёдам шахри азизам-Душанберо меоварад. Мардумонаш низ, мисли мардуми мо, мехрубону некхоханд нисбати гайри тахчоихо.  Дар собик ман дар тули чанд соле дар шахри Маскав мезистам. Сокинони Ростов аз мардуми Маскав, ки бо гайритахчоиён муносибати хуб надоранд, бакулли фарк мекунанд.

Дар шахри Ростов одамони миллатхои гуногун дустона зиндаги мекунанд. Хусусан, арманихо бисёранд, тахчои ва гайритахчои.

Хамкорони ман аксаран арманихоянд. Мо ба зуди дуст гаштем, нисбати забон, фарханг ва таърихи халкхои якдигар таваччух зохир мекунем.  Маълум мегардад, ки дар забонхои армани ва точикии форси бисёр калимахо монанданд.

Масалан, «пахлавон»-ро арманихо низ «пахлаван» мегуянд. Калимаи «душман»  дар армани хам «душман» аст.  Арманихо «чор»-ро «чорс» мегуянду «хазор»-ро «хазар». «Занг» (яъне занги телефон) ба армани низ «занг» аст. Ва гайра.

Ман сурудхои арманиро дуст медорам, хусусан, сурудхои мардумиро дар ичрои Гурген Дабагян.  Хусусан, суруди у бо номи «Хайреники чуре» -«Оби ватанам» бештар маро хуш меояд , онро азхуд намудаму гохо месароям. Мегуянд, ки хубу бегалат мехонам. Рафики ман – Ованес бошад, суруди точикии «Назирачонам»-ро хеле хуб месарояд.

Дустони армании ман мегуянд, ки забони точикии форси – забони хеле зебову хушоханг аст.

Ман ба дустонам мегуям, ки дар Точикистон арманихо бисёранд ва мо ахлона зиндаги мекунем.

Замоне, ки дар Донишкадаи политехникии Точикистон мехондам, рохбари гурухи мо устоди кафедраи забону адабиёти рус — Алла Сулаймоновна Ганиева буд. Миллаташ-армани, шавхараш бошад – точик.   У бо забонхои руси, точики ва армани озодона сухбат менамуд. Худро фарзанди ду халк-арману точик мешуморид. Харду халкро баробар эхтиром мекарду дуст медошт.

Ман киссахои уро доир ба таърихи ин ду халк хеле дуст медоштам ва то хануз дар ёд дорам. У мегуфт:

«Дар чахон шояд дигар ду халке мавчуд набошанд, ки мисли арману точик кисмати хаммонанд дошта бошанд.  Хам арманихо ва хам точикон таърихи чандинхазорсола доранд. Хар ду халк, хануз дар замоне, ки халкхои дигар кабила-кабила ва пароканда зиндаги мекарданд,  ба тамаддун расида, давлатхои  мутамаркази худро барпо карда буданд. Арманихо ва точикон дар пешрафти тамаддуни инсони сахми босазо гузоштаанд .  Харду халк – мардумони сулхдустанд, ки борхо мавриди тохтутозхои ачнабиён гардидаанд. Дар натича каламравхои таърихии худро аз даст дода, ин ду халк акнун дар каламравхои асосан кухистони зиндаги мекунанд.   Харду халк ходисоти мудхиши катли ом  (геноцид)-ро аз сар гузарондаанд:  точикон-аз чониби мугулони Чингиз (асри 14), арманихо- аз чониби туркони усмони (соли 1915).

Ба арманихо ва точикон хатари нобуди тахдид мекард. Танхо ба туфайли галабаи Инкилоби Октябр, онхо аз нобуди эмин монда, имкон пайдо намуданд, ки давлатхои миллии худро барпо карда, забону фархангу хусусиятхои миллии худро хифз намоянд.»

Дар огози давраи милоди, арманихо ва точикон ба хайати империяи Ирони бостони дохил мешуданд.

Ман ба дустони армани дар бораи муносибатхои наздики деринаи байни халкхои мо хикоя мекунам.

Аз чумла, дар бораи он, ки  шоирони бузурги точику форс  киссаи ишки  нокоми чавонеро бо номи Фарход ба маликаи армани- Ширин, дар асархои човидони худ сурудаанд.

Дустонам накл мекунанд, ки дар замони шох Техрони Бузург, давлати Арманистон масохати бузургеро «аз бахр то бахр» дарбар мегирифт.Яъне, аз бахри Хазар (Каспий) то бахри Сиёху Миёназамин.

Давлати точикии Сомониён (асрхои 9-10) хамчунин каламрави бузургеро, ки холо дар он давлатхои имрузаи Точикистон, Узбекистон, Киргизистон, Казокистон, Туркманистон, Афгонистон, кисми шаркии Ирон чойгиранд,  ишгол менамуд.

Дар симои Алла Сулаймоновна ман ба мардуми бостонии армани эхтиром пайдо карда, дар бораи онхо бисёр мехондам.  Ман тарчумаи точикии бисёр асархои адибони арманиро хондаам.Аз чумла, Ованес Туманян, хусусан, хикояи у  дар бораи Гикор; Сильва Капутикян, Серо Хонзодян ва гайрахоро. Дар бораи Месроп Маштоц- тартибдихандаи алифбои армани низ маълумот дорам.

…Боре яке аз дустони армани аз ман пурсид, ки калимаи точикии «желдерме» чи маъно дорад? Ман хайрон шуда, гуфтам, ки дар забони мо чунин калима нест. Маълум гардид, ки у ин калимаро аз барномаи телевизионии «Наша Раша» шунидааст. Дустон, чун диданд, ки табъи ман хира гардид, маро тасалло дода, гуфтанд, ки ба хазлу шухихои дагалу ахмаконаи «Наша Раша» дар бораи точикон диккат додан намеарзад. Мегуянд, ки аз рафтори хамиллаташон- Михаил Галустян шармашон меояд.

Бале,  мегуям ман, агар Галустян миллати худро дуст медошт, миллатхои дигарро низ эхтиром мекард. У зодаи Русия аст, ба гумон аст, ки забону фархангу таърихи  халки худро донад. Номи хакикии у – Ншон аст. Шояд рузе на танхо аз номи армани, балки аз фамилияи армании худ низ ру гардонад. Мисли Филипп Киркоров, ки бобояш- Киркорян армани буд ва модаркалонаш-булгори. Филипп худро булгори мешуморад. Дустон мегуянд, ки чанд соле аз ин пеш Филипп Киркоров бо сафари хунари ба Арманистон омад. Аммо чавонони армани дар майдони хавои бо шиорхои «Ту аз миллати худ руй гардонди, пас ба Арманистон ба ту рох нест!»- рохи уро бастанд. Вай мачбур шуд, ки Еревенро тарк гуяд.

Бале, мутаассифона, телевизион, ки махсули пурэъчози тамаддуни башарист, дар дасти шахсони бевичдон ба василаи интишори лофу газоф, тухмату дуруг, тахкири одамони алохида ва халкхо гардидааст. Барои ман дучанд аламовар ин аст, ки мо-точиконро фарзандони мардуме, ки хеле эхтиромаш мекунам, яъне арманихо – Михаил Галустян (ичрокунандаи накши Равшан) ва Гарик Мартиросян (акидаи «Наша Раша» ба вай тааллук дорад) паст мезананд.

Ман намефахмам, аз руи кадом мантик махз точикон мавриди тахкиру хандаву масхара карор гирифтаанд. Зеро, чи тавре, ки худи Мартиросян эътироф мекунад, прототип (кахрамони асли)-и  Равшан ва Чумшуд ду нафар коргарон аз Арманистон мебошанд. Албатта, хеч ачобате надорад, ки дар хар кучо, дар байна хама мардум хар гуна одамон хастанд- хам дорои хиради пешрафта, хам одамони содда. Ин маълум аст, ки Мартиросян наметавонад мардикорони ноухдабароро армани номад, вагарна арманихо уро нахоханд бахшид. Аммо чаро махз точик номид? Магар точикон аз чихати донишу хирад пасттар аз дигар мардумони Осиёи Марказиянд?

Не, балки «хачвнигорони»  «Наша Раша» фикр мекунанд, ки точикон сахт вобастаи Русияанду чуръат нахоханд дошт, ки бар зидди телеканали «ТНТ»-и Русия норизои баён кунанд.

Аммо, шояд  амалан гапу кор тамоман дар чои дигар аст? Ба андешаи ман, илхомбахш ва сарпарастони «Наша Раша» доирахои муайяне мебошанд, ки  сохибихтиёри ва некуахволии Точикистонро дидан намехоханд.

Ду сол кабл аз ин, рохбарияти Точикистон нисбати тахкиру масхараи точикон аз тарики барномаи «Наша Раша»  эътироз баён намуд. Вале «хачвнигорон» бахона пеш оварданд, ки «Мо махз точиконро дар назар надорем».

Чаро «хачвнигорон» худ ба худ мухолифат мекунанд? Магар бехтар набуд, ки галатхои худро эътироф кунанду аз мардуми точик бахшиш бипурсанд?

Ана, исботи он, ки «Наша Раша» махз точиконро масхара мекунад:

  1. Дар яке аз баромадхои «Наша Раша» садои паси кадр мегуяд: «Маскав»- аз забони точики хамчун «шахри резини» тарчума мешавад.» (яъне, точикон мепиндоранд, ки Маскав шахри бехадду худуд аст ва аз хамин чихат хама точикон суи ин шахр мешитобанд).
  2. Равшан (Галустян) зуд-зуд калимаи «Точикистон»-ро такрор мекунад. Ин ягона калимаи точикист, ки аз забони Галустян бегалат садо медихад. Дигар хама калимахои -«жельдерме, жугульме, бугульме» — ин калимахои бемаъноянд, ки забони точикии форсиро масхара мекунанд. Забонеро, ки аз кадим дар Шарк забони шеъру шоири шуморида шудааст, чи тавре, ки дар Гарб — забони фаронсави.  Ин чаноби Галустян, пеш аз бозидани накши як точике, акаллан натавонистааст , ки якчанд ибораи точикиро азбар намояд!
  3. Номи кахрамонони барнома номхои соф точикии форсианд. Маънии номи «Равшан»- маълум аст, яъне равшанию равшанои. «Чамшед» (на Джумшут! Хатто наметавонанд, ки номи инсонро дуруст талаффуз кунанд!) – номи шохи Ирони бостони, ки ба мардум тамаддун овардааст. У асосгузори чашни Навруз шуморида мешавад. Дарвокеъ, 23 феврали соли 2010 Созмони Милали Муттахид , бо пешниходи намояндагони Точикистон, Афгонистон, Ирон, Туркия, Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон ва Туркманистон  Наврузро чашни байналмилали эълон намуд.
  4. Дар дигар барномаи «Наша Раша» Равшан ва Джумшут оши палав мепазанд. Антеннаи телевизионии мохвора (спутниковое телевидение) – ро ба сифати дег истифода мебаранд. Баъди ин антеннаро ба чояш баркарор мекунанду телевизор факат мавчи барномахои телевизионии Точикистонро кабул мекунад. Баръало садои сухангуёни садову симои точик  ва нутки точики шунида мешавад.
  5. Сахнаи базми Равшан ва Джумшут дар ватани онхо. Ин мардикорони «сарватмандгашта» мехуранду менушанду дар атрофашон духтарон мераксанд. Ороиши сахна бо сузаниву гулдузихои точики – хама шохиди он аст, ки «хачвнигорон» махз точиконро тасвир карданианд.
  6. Дар филми «Тухмхои такдирсоз» («Яйца судьбы») Равшан ва Джумшуд, бо суханони : «Сардор мегуфт, ки хуччатхои мо бояд хамеша дар наздии у бошанд», якчоя бо скелет паспортхоро хам гур мекунанд. Махз паспортхои точикиро!

Гайр аз ин, «Наша Раша» эътикоди  динии точиконро хам тахкир мекунанд (сахнаи дасту ру шустани  Равшан ва Джумшуд  дар унитаз, хамчунин хурок пухтани онхо  дар унитаз).  Барои мулулмонон мафхумхои «харом» ва «халол» мукаддасанд. Риояи   талаботи шариат барои хар як мусулмон шарту зарур аст.   Мусулмон хеч гох дар чои нопок ва аз зарфи нопок хурок намехурад.

Хамчунин, точикон дар симои Равшан насли Чингизхон шуморида мешаванд (филми «Тухмхои такдирсоз»). Ин тахкирест нобахшидани дар хаки мардуми точик. «Хачвнигорони» «Наша Раша», агар таърихи точиконро медонистанд, чунин харзагуиро дар хакки мо раво намедиданд. Зеро ба хама маълум аст: точикон ягона мардуми тахчоии Осиёи Миёнаанд, ки хуни мугули надоранд.

«Хачвнигорон» ончунон саргарми хаёлбофии тахкиромези худ гаштаанд, ки дигар ба хакконияти далелхои таърихи диккат хам намедиханд.

Умуман,  дар атрофи филми «Тухмхои такдирсоз» , ба кавли точикон,  «Пеш аз пода чанги зиёд хезонданд». Он чандон сазовори таърифу тавсифи зиёд набудааст. Мухокимаи он дар байни мардуми Русия аз дахан мондааст. Он чи аз ин филми «таърифи» мардум интизор доштанд, амали нашуд.

Дар поёни филм, кахрамони  барнома, ки бо телевизор «гуфтугу карданро» дуст медорад, титрхоро бо фамилияхои продюсерхои армани хонда, мегуяд:  «Дар кучое, ки пул хаст-он чо армани хаст. Арманихо мисли магасонеанд, ки суи мураббо мешитобанд.»

Ачабам меояд.  Ин суханон магар ба иззати нафси  Галустян ва Мартиросян намерасад?

Магар ин дуруст аст, ки аз тарики телевизион арманихоро пулпарасту точиконро мардикорони бефахму ноухдабаро чилвагар мекунанд? Чаро аксари мардум ба ин игвогариву тухмат оромона менигаранд?

Ман акидаи рохбарияти созмони «Мухочирони мехнатии точик»-ро дар ин бобат дастгири мекунам:  созандагони барномаи «Наша Раша» барои тахкири халки точик бояд ба чавобгари кашида шаванд! Каромат Шарипов  инро «катли оми зехнии точикон» («моральный геноцид»)мешуморад, ки ин дуруст аст. Шахсоне хастанд, ки ба  ин акида рози нестанд: «Катли ом-ин чисман нобуд кардани халке ё гурухест.» Ба андешаи ман, «Наша Раша» моро рухафтодаву сарпасту беобру мекунад. Ин магар катли оми зехни нест?

Ба касофати «хачвнигорони» «Наша Раша» , акнун дар Русия хар як точикро «Равшан ва Джумшуд» гуён мавриди масхара  ва таъкибу азоб карор медиханд.

Ман тамоми точикони чахонро, сарфи назар аз он, ки дар кадом кишвар зода шудаанду дар кучо зиндаги мекунанд, новобаста аз акидаю макоми чамъияти, даъват мекунам, ки муттахид гарданд ва бар зидди миллатгароёни «Наша Раша» садо баланд кунанд.

Ман ба тантанаи адолат дар Русия бовар дорам. Бовар дорам, ки сохторхои салохиятдори Русия ба фаъолияти барномаи «Наша Раша», ки Конунхои амалкунанда Русияро вайрон мекунанд (моддаи 21, к.1 ва  моддаи 29, к.2 Конуни Асосии Федератсияи Русия; моддахои 129, 130, 280, 282  Кодекси Чиноии Федератсияи Русия),  бахои одилона медиханд.

Ман умедворам, ки адолат пируз хохад гашт, «хачвнигорони» игвогар ба чазои худ мерасанд ва барномаи «Наша Раша» манъ мегардад.


Posted Май 31, 2011 by shohoni in Uncategorized

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: