Ёди рузгори ширини кудаки   Leave a comment

Инсон, чун зода шуд, ба чахон бо чашми хайрат, бо кунчкоби менигарад, меомузад. Чун атрофи худро шинохт, хисси кунчкоби уро водор мекунад, ки вусъати бештареро дар атрофи худ пажухиш намояд. Ва ин ташнагии омузиш беохир идома меёбад. То худи рузи марг. Ва ин дуруст аст. Чунон, ки Хазрати Мухаммад паёмбар гуфтаанд: «Зи гахвора то гур дониш бичуй!»

Замоне, ки мо тифли навзод будем, чахони мо – хамин фазои кучаки дохили гахвора буд.  Бале, ин хам як чахонест. Аз гахвора берун барои мо чахоне дигар буд. Чахони номаълуму пурасрор, ки ба он бо хавас, кунчкоби ва як андоза бо харосу изтироб менигаристем.

Чун аз гахвора берун шудем, хонаи падару модар ин чахони навест барои мо. Аз ин дам берун аз хона – чахони дигарест барои мо. Чахони ноошнову пурасрор.

Кадамхои аввалин.  Дар руи хона кадамхои ноустувор мегузорем. Пас, бечуръатона ба берун, ба руи хавли мебароем.

Акнун хавли – чахони дигарест барои мо, ки омухтану шинохтани онро дар назди худ максад мегузорем. Бинохои хавли, дарахтон, гулхо, осмон… тадричан ин чахони кучакро пурра меомузему ташнагии омузиш моро водор ба чустучухои нав мекунад. Ба омузиши чахони нав, ки берун аз хавлии мост.

Рузу моху солхо мегузаранд.  Инак, кадамхои аввалини мо ба берун аз дарвозаи хавлиямон. Ба кучаи ношинос, ки бо мурури замон барои мо азиз мегардад. Кучае, ки дар кудакиву бачаги сайргоху бозигохи мо мешавад. Хануз дигар кучаву махаллахои деха барои мо дурдасту асрорангезанд.

Мо бузургтар мегардему далертар, ва ба сайри тамоми деха мебароем .  Акнун деха чахони наву бузургест дар микёси чахонбини хануз махдуди мо.

Пасон, кадамхои аввалин ба беруни деха.  Ба дашту куху сахрои атрофи дехаи азиз.  Замоне мерасад, ки хиради мо онро хам аз худ менамояду  боз гизои бештаре металабад. Акнун дехаву атрофи он барои мо фазои танг аст.  Барои омузиши чахон моро кадамхои нав заруранд.

Инак, аввалин сафархои мо ба рустову шахрхои дигар. Пасон – ба пойтахт. Баъд – ба хорич аз диёру кишвари худ.

Акнун хирад аз мо мехохад, то сайри кишвархои дигар кунем.  Саёхат ба аксои олам.

Пасон шояд   рузе расад, ки парвози кайхон кунему аз он баландихо бо чашмони пурхайрату мафтун ба хонаи азизи худ – Замин нигоххои пурмехр афканем. Мегуянд, ки тамошои ин кураи зебои ба пардаи харир печида, хеле ачиб аст.

Аммо дере нагузашта, нигохи моро фазои атрофи Замин ба худ мекашад. Икдом мекунем барои омухтани сайёраву ситорахо.

Бале, чунин аст табиати ноороми инсон. Бузугон фармудаанд:

Мавчем, ки осудагии мо – адами мост,

Мо зинда аз онем, ки ором надорем.

Хамин тарик, бо мурури замон инсони солхурдаву солор мешавем. Акнун ба души худ ташвишу масъулияти бештар дорем.

… Вале боз хам гох-гохе назар ба кафо медузем. Ба рузхои гузаштаи умри худ. Ёди даврони кудаки, бачаги ва чавони мекунем.  Дил гум мезанад. Дил мехохад, ки ба он рузхо баргардад. Ба замоне, ки бепарвою бегаму ташвиш будем. Ба замоне, ки гахвораву хонаву хавлии мо -бехтарин чахони мо буд.Чахони азизу зебову гуворою рангоранги афсонави …

Ба кавли устод Лоик:

Одами, хар кадр, ки солору пурармон шавад,

Боз мехохад, ки аз нав кудаки нодон шавад.

Posted Июнь 17, 2011 by shohoni in Uncategorized

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: