ТУШАИ НИМАРОХ   Leave a comment

ТУШАИ НИМАРОХ
…Парешонхолона дар бог кадам мезанам. Аз мардум дури мечуям. Мехохам чанде тани танхо бошам. Танхо бо андешахои гамолудаи худ.
… Бехолона лаби чуйча мешинам. Ба оби софи равон менигарам. Об нигохамро мебарад. Пеши назарам бародар падид меояд. Шабохате мебинам: у хам, чун ин оби чубор, дар холи рафтан аст, рафтани бебозгашт.
Ох мекашаму ба осмон менигарам. Бегохирузи фаро мерасад. Офтоби бахори дар байни абрхо пинхон аст. Танхо даста – даста рушнои аз байни порахои абр рох ёфта, пош мехураду дар дили ман хасрате меангезад: офтоб хам дар холи видоъ аст, чунон, ки бародар бо мо.
Ин замон бароям равшан аст, ки чаро маро бо бахонае чунин таъчили ба деха даъват карданд. Рохи дуру дароз, чандин агбаро паси сар карда меомадаму дил аз пешомади шуме гувохи медод. Вале зур зада гумонхои бадро аз дил дур мекардам.
Аммо бародарро дар бистари марг дидаму фахмидам: маро барои дидори вопасин бо бародар даъват кардаанд.
Ба рухсори кохидаи у менигараму дилам ганда мешавад. Нигохамро аз нигохи озмоишкоронааш мегурезонам. Намехохам, ки ашкамро бубинад. Аз чисми хузарбаш нишоне намондааст. Худоё! Наход, ки чароги умраш дар арафаи хомуш шудан аст? Охир, у хамаги 37-сол дорад, орзухои волои худро амали накардааст!… Чи дахшат! Пизишкон мегуфтанд, ки у бемори саратони хун асту боз 2-3 соли дигар хохад зист. Аммо холо мебинам, ки марг аллакай ба суроги у омадааст.
…Имруз хама наздикон хунарпешагонеро мемонем, ки дар сахнаи ин зиндагии шум хар яке накши худро адо мекунем. Хар яке меангорем, ки орому осудаем. Якдигарро таскину тасалло м едихем, умед мебахшем. Аммо бо киёс аз худ медонам, ки дар дилхо туфони Нух галаён дорад.Аз ногузирии марги наздикрасидаи бародар дар изтиробем.
Бо ин хама, бар рагми андух хар яки мо дар сахрои барфистони навмедй шуълаяки умедро бо чон парастори ва нигохбони мекунем, то авч гираду ба гулхане табдил ёбад ва сармои навмедиро аз байн бибарад.
… Ба офтоби паси абр менигараму боз шабехе пеши назар меояд: абри сиёхе. Кариб тамоми осмонро пушида. Чо-чо, аз рогхои абр, равшание аз осмон суи замин метаровад. Торики ба дил фишор м еораду ин равшании ночиз ба дил мадор мебахшад…
Агар рассом мебудам, хамин манзараро тасвир мекардам. Ва онро чуни н ном мекардам.: «Навмеди ва умед». Абри сиёху торики –рамзи навмеди асту равшание, ки аз байни абрхо метаровад – умед …
… Аз байн чор мох гузашт. Инак, бародар бо мо нест. У моро абадан тарк гуфта…
Рузе ба таквим нигаристаму дил фишурда шуд: фардо – 22 октябр аст, зодрузи бародар. Мебоист у 38-солагии худро кайд мекард… Захми дил тоза гардид. Аламамро аз дуди талхи сигор мегирам, гарчи каблан сигоркаши одатам набуд.
Бародар пеши назар меояд. У табъи баланд дошт. Сухандусту шоиртабиат буд. Орзу дошт, ки олиму нависанда шавад. Аммо мушкилоти модди имкони идомаи тахсилро дар аспирантура надоданд. Муаллимиро пеша кард. Яке аз чавонтарин рохбарони мактаб дар микёси нохия гардид. Сохиби обру шуд. Гуё ба такдир тан дод. Аммо боз хам дар дил шуълаи умедро мепарварид.
Бале, орзухо зиёд, гуфтанихои зиёд дошт у. Аммо нагуфт. Марг гафлатгираш кард.
Хамеша мегуфт: «Эй бахти наку, боре мадад кун!»
… Афсус, ки сарнавишт мададгораш нашуд. Инак, дили пурчушаш аз тапиш бозмонда, худ хомушу сокит абадан зери хок аст…
Аламовар аст, ки хатто сухани вопасинашро нагуфт. Бисёр мехостам бидонам, ки хохиши охиринаш чи буд. Шояд васияташро руи когаз оварда бошад? Бо хамин умед навиштахояшро варак мезанам. Хикояхо, хачвияхо, маколахои чопшудаву чопнашуда. Инак, дафтархои хотирот.
… Дар яке аз дафтархои хотирот ногох ба навиштае дучор меоям:
«… Хоб дидам, ки азми сафар дорам. Сахрои васеъ. Дар дуродур ёру дустонро мебинам. Аз чумла, духтареро низ, ки дусташ медорам.
Барои видоъ наздашон рафтам. Видоъи махсус бо махбубаам. Ба у каламеро додаму хохиш кардам, ки бо он ба номахои ман чавоб нависад.
Пас, аз як чавони хамдехаам хохиш кардам, ки «Ба ахли хонадони мо таъкид кун, то китоби маро эхтиёт кунанд.»»….
Аз хондани ин мисраъхо дил ба фарёд омад. Ашкам равон гардид…
… Ба худ рамуз гирифтам, ки ин навиштахоро мебояд хамчун васият кабул намуд.
Бале, бародари ноком орзу дошт, ки китоби худро нашр кунад. Пас, имруз рисолати ман аст, ки ин кори хайрро ба души худ гирам. Бори нимарохи бародарро ба манзили максудаш бирасонам.
Бо хамин ният, суханони дустдоштаи уро ба забон меорам:
«Эй бахти наку, мададам кун!»

Posted Сентябрь 22, 2011 by shohoni in Uncategorized

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: