Точикону узбекон ба сари хамдигар мушт нахоханд бардошт!   Leave a comment

Дар шахри Ростови сохили Дон бо Асад ном марди узбек шинос шудам.
Маълум гардид, ки у зодаи шахри Исфараи Точикистон асту алхол дар шахри Куканди Узбекистон зиндаги мекунад. Аз 40 соли умраш 30 солаш дар Узбекистон паси сар шудааст. Бо амри такдир, дар хурдсоли бо ахли оила ба Куканд, назди бобои танхомондааш куч бастаанд. Ин дар замони шурави буд. Он замон хеч фарке набуд, ки дар кучо зиндаги мекуни-дар Узбекистон ё дар Точикистон.
Асад бо андаке мушкили ба точики сухан мекард. Дар бораи точикону Точикистон, дар бораи Исфара бо мехру мухаббат сухан мекард. Хотироти бачагии худро во менамуд:
-Гарчи аксари солхои умрам дар Узбекистон гузашт, то хануз Точикистонро ёд мекунам. То замоне, ки сархад боз буд, зуд-зуд ба Исфара меомадам. Акнун,ки сархадро бастаанд, имкон нест. Хар шаб Исфараро дар хоб мебинам. Солхои ширини бачагиро, дустонро… Бо точикон ёру бародарона мезистему хеч эхсоси бадбини ва бегонаги намекардем. Аз хоб бедор мешаваму лаънатхо мехонам. Лаънатхо бар он касоне, ки моро ба чунин руз расондаанд, аз хам чудо кард. Байни мо садди оханин гузоштаанд. Узбеку точик мисли гушту нохунанд, моро наметавон аз хам чудо намуд.
У илова мекунад:
— Агар он замон медонистам, ки замоне фаро мерасаду байни ду чумхурии бародари садди касногузар гузошта мешавад, ба хеч вачх тарки ватан намекардам. Ман то хол Точикистонро ватани аслии худ мешуморам.
У мегуяд, дар ду суи марз мардуми зиёде хешу акрабо доранд. Акнун ки сархад баста аст, наметавонанд ба тую мотами хамдигар бирасанд.
Барои дидори хешовандон имруз виза зарур аст.Ба даст овардани виза фурсату ташвишу масрафи пулиро талаб мекунад. Ба кавли вай, чавонзане хонаи шавхарро муваккатан тарк карда, бо ду кудак ба хонаи модари пири танхояш баргаштааст. Бо умеде, ки рузе сархад боз мешаваду равуо бемалол мегардад.
У андеша меронад: ба ин вазъ ки гунахкор аст? Ва худ чавоб медихад: сиёсатмадорон. Онхо бо овози баланд мегуянд, ки точику узбек – як мардуманд, ки бо ду забон сухан мекунанд. Аммо гуфтор дигар асту рафтор дигар. Ононе,ки бояд муносибати байни кишвархоро ба рох монанду мустахкам кунанд, бар акс, амалан муносибатхои неки байни ду мардумро халалдор менамоянд. Сабаб нобарорихои худро бар сари хамдигар бор мекунанд. Кор бачое расидааст, ки хатто аз эхтимолияти амалиёти харбии байни ду чумхурии хамсоя сухан меронанд.
Асад бо итминон мегуяд: точикону узбакон хеч гох ба сари якдигар мушт нахоханд бардошт! Ин рузхои тира даргузаранд. Мерасад рузе, ки вазъият дигаргун мешавад. Мо ба хиради мардумони худ бовар дорем.

Posted Январь 31, 2012 by shohoni in Uncategorized

Tagged with ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: