Сафарномаи Русия   Leave a comment

1. Огози сафар

Инак, ман хам, дар катори хазорон хазор шахрванди Точикистон, азми сафари Русия дорам. Барои кор меравам. Гариби сахт аст, вале чи чора? Дар Ватан кор нест. Дипломи маълумоти олиро ба муддати номуайяне ба гушаи чомадон гузоштаам.
Бале, замоне, ки Донишгохро хатм мекардам, дипломро ба даст гирифта, худро хушбахттарин инсони руи чахон мепиндоштам. Акнун, мегуфтам ба худ, дониши андухтаамро дар амал пиёда хохам кард. Хизмати мардум хохам кард…
Хамаги ду сол дар яке аз идорахои бонуфузи Душанбе кор кардам…
Афсус, ки чанг сар шуд. Чанги хонумонсузи бародаркуш. Кй оташ афрухт, кй хак буду кй нохак — бигзор таърих бахо дихад. Холо бошад, мардум оромиро мехохад. Гарчи дар Ватан зиндаги сахт аст, боз хам сабр мекунанду шукр мегуянд. Шукри оромиву осудаги. Чанг набошад, мардум худ нони худро пайдо мекунад.
Тамоми истехсолот фалач гардид, аз он чумла, муассисаи мо низ. Чораи дигаре намонд, ба чуз мухочират.
Мешунидам, ки мухочирони точикро дар Русия кормандони милиса озор медиханд. Амалдорони Точикистон гунохро дар сари худи мухочирон мезаданд. Гуё, ки точикон дар Русия конуну коидаро вайрон мекунанд, аз кайди расми намегузаранд, рафтори ношоиста мекунанд, нашъачаллоби мекунанд, ва гайра.
Ман, ки худро шахрванди итоаткори конун мешуморам, карор додам, ки дар Русия низ чунин хохам буд. Он гох касе наметавонад бахонае ёбаду табъи маро нохуш гардонад.
Омодагии хуб гирифтам. Дар давоми шаш мохи пеш аз сафар ба расмй кардани санадхои зарурй машгул будам: гувохномахо аз муассисахои гуногуни тиббй ва идорахои ичтимой, дафтарчаи мехнатй, тавсияномаву тавсифнома аз чои кор…
Ба худ мегуфтам: «Дар Русия касе наметавонад ба ман айбгузорй кунад».
Инак, бо ахли хонавода ва кудакон хайрухуш карда, ба рох баромадам.
Охири апрели соли 2005.
Вокзали рохи охани Душанбе серодам буд. Мусофирону гуселкунандагон интизори огози саворшавй ба катора буданд.
Нихоят, ичозаи саворшавй шуд. Чавоне назди ман омаду охиста гуфт: » Ака, 10-сомонй бите, аз гумрук мегузаронам». Гуфтам, ки «ташаккур, бародар, кумакат лозим нест. Зеро ягон чизи гайриконуни надорам, факат тушаи рох. Бигзор, тафтиш кунанд.» Чавон бо димоги сухта, «мебинем» гуён аз ман дур шуду бо гумрукчие гушаки кард.
Чун навбати ман расид, он гумрукчй маро наздаш садо кард. Сумкаи маро чаппа карду ба тафтиш огоз намуд. Ман бо диккат нигох мекардам, ки ягон чизе напартояд. Бале, хастанд амалдорони бевичдон, ки дар байни ангуштонашон бастаи нашъаро гузошта, бо бахонаи тафтиш ба киса ё сумкаи мусофирон меандозанду ба балои бад гирифтор карда, хунашро мемаканд.
У гаштаву баргашта тафтиш мекарду хар замон мепурсид: «Нашъа надорй? Чаро надорй?» Барои тафтиши ман назар ба дигарон вакти бештар сарф шуд. Асабй шудаму баъди пурсиши навбатй чунин чавоб додам: «Не, бародар! Надорам. Зеро медонам, ки ин чиноят аст.»
Окибат у даст аз ман бардошт.
Дар баромадгох посгохи марзбонон буд. Афсари гафсаке сар-сарй ба паспорту билети сафар менигаристу факат як гап мегуфт: «50-сум!» Ман гуфтам: «Бародар, дар бозгашт аз Русия чойпули пурсй, мешавад. Холо, ки бо пули карз рохакиам, аз ман чй мегирй?» Марзбон санадхои маро ба як кунчи миз хаво доду саргарми дигарон шуд. Ачибаш ин, ки дигарон хомушона пул медоданду мегузаштанд. Ба худ гуфтам: «Пас, дар ин чо пул ситондан анъана будааст. Бале, аз бегонагон чи гила, вакте, ки дар Ватан хорат мекунанд?!»
Ин дам чавоне мусофир наздам омаду бо табассум гуфт: «Бори аввал сафари Русия мекунй? Маълум. Бо ин зудранчиву якравият хор мешавй, чй дар Точикистон, чй дар Русия. Маслихат ин аст, ки хадди имкон муросо кун. Аз болои инхо ба чое шикоят бурдан кушиши бехуда аст. Зеро хама каллачунбонхое, ки ба вокзал дахле доранд, «доля»-и худро мегиранду ба харомхурихо чашм мепушанд. Асабро эхтиёт кун, ки чунин холатхо зиёд пеш меоянд. Ман соли чорум аст, ки ба Русия меравам. Ба ман бовар кун!»
Бо суханони ин чавон, ки Назар ном дошту зодаи Хатлон буд, гуш медодаму ба такдир тан дода, ором мегардидам. Рост мегуяд у. Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз, гуфтаанд.
Бо Назар то Русия хамсухбат будем. У ба ман аз зиндагии мухочирони точик киссахо мекард, ки ба назарам мисли афсона менамуд. Он гуфтахояшро пасон бо чашми худ дар он кишвар дидаму бовар хорсил кардам. Он чи дидам, баъдтар накл хохам кард…
Мисли дигарон санадхоямро «харидаму» ба перрон баромадам. Карор додам, ки ба хама вазъият тайёр бошам, асаби нашавам. Зеро дар мулки бегона якин мушкилии зиёд хохам дид ва агар худро даст нагирам, холам чй мешавад?
Дар назди дари вагон сарбози марзбон меистоду талаб мекард: «Як сомонй дех!» Шояд сарбоз гурусна буд. Бе сухане ба у пул додам. Хурсанд шуду сумкаамро ба вагон дароварда монд.

2. Дар катора

Вагон тозаву озода буд. Бале, дар акси хол русхо намегузоранд, ки катораи мо ба Маскав ворид гардад.
Мо ду рохбалад доштем, ки яке Хочй ном дошт, номи дигариро, ки нисбат ба Хочй чавонтар буд, фаромуш кардаам. У ачаб чавони пуртамаъ ва найрангбозе буд. Дар рохи сафар мушохида кардам, ки бо хар бахона аз мусофирон пул меситонду агар касе гапашро гардонад, бо милисахои хамсафар (сопровождение), ки дар каламрави хар як давлат иваз мешуданд, гушакй карда, ба воситаи онхо мусофирони саркашро норохат мекард.
Масалан, у мегуфт: «Сад сумии руси медихед, барои чойе, ки менушед ва барои руйчо. Боз сесад суми медихед, то худи Россия «отвечать» мекунам.» Дигарон баъди андаке бахс кардан пул месупориданд. Ман катъиян гуфтам, ки сад сум медихам, бас аст. Ба ман «отвечать» кардани ту даркор нест. Ман чинояткор хам нестам, нашъа надорам, пули зиёдатй хам надорам.» Рохбалади чавон бо ман тез шуд. Хочи, ки нисбатан марди ботамкину боинсофтаре будааст, ба мобайн даромаду хамкорашро ором намуд. Пас ба ман ру оварду гуфт: » Наранч , бародар. Ба мо хам осон нест. Дар хоки хар як давлат ду-се борй катораро манъ мекунанду ба тафтиш медароянд. То хаккашонро нагиранд, намераванд. Бо хар бахона метавонанд соатхои дароз моро нигох доранд.»
Дар хоки Узбакистон мусофирони зиёде, ки низ барои кор азми сафари Русия доштанд, ба катораи мо савор шуданд. Дар вагони мо, ки барои 56-нафар чой дошт, кариб сад нафар шудем. Албатта, хама медонанд, ки зиндагй дар аксари хоки Осиёи Маркази вазнин аст, аз чумла, дар Узбакистон хам, гарчй таблиготи Каримов диккати мардумро аз ин хол дур кардан мехохад. То ба наздикй Узбакистон эътироф намекард, ки шахрвандонаш дар Русия мардикорй мекунанд. То расидан ба Русия мо бо чанд чавони Хоразмй хамсухбат будем. Онхо соли чандум буд, ки дар Аштархон мардикорй мекарданд. Онхо аз душвории моддии зиндагй дар ватанашон киссахо мекарданд. Мегуфтанд, ки мардуми Узбакистон бесаброна каторахои Точикистонро интизорй мекашанд, ки хафтае се-чор бор аз Хоразм мегузаранд. Дар муддате, ки каторахо аз хоки Узбакистон харакат мекунанд, узбекон вагон ба вагон гашта, ба точикон хурокворй ва харгуна молхои саноатй мефурушанд. Аз хамин хисоб зиндагияшонро каме бехтар мекунанд. Ба кавли онхо, танхо дар шахрхои калонтарини Узбакистон зиндагй як навъ дуруст аст, он хам бошад, аз хисоби пешрафти бозаргонй. Хол он, ки дар музофоти дурдаст ва дар дехот гуруснагии хакикй хукмрон аст, мегуфтанд онхо. «Бисёре аз мардуми водии Фаргонаи Узбакистон барои мардикори ба нохияхои хамсархади Точикистон — Исфара ва Конибодом мераванд,» мегуфтанд онхо.
Катораи мо босуръат медавид. Аммо гохо 1-2 соат ва хатто бештар аз он дар миёнаи дашту ёбонхо истода мемонд. Сабаб пурсидам, рохбаладон чавоб доданд, ки мо барои сохибони ин каламравхо бегонаем. Аз хамин сабаб аз руи маколи «Аввал хешу баъд дарвеш» амал мекунанд. Яъне, аввал каторахои худро мегузаронанду баъд моро рох медиханд. Гарчи ба каторахои боркаш шитоб чандон зарур нест, чунон ки ба катораи мусофирбари мо.
Чунон, ки гуфтам, дар вагони мо ба чои 56-нафар, кариб сад нафар мусофир чой гирифта буд. Вагон ду ташноб дорад-яке дар авали вагорн, дар назди купеи рохбаладон, дигарй-дар охири вагон. Яъне, аз руи хисоб бояд ба хар 20-28 мусофир як ташноб бошад, ки ба меъёри санитарй мувофик аст. Амалан бошад, рохбаладон ташноби авали вагонро кулф карда буданду факат худашон истифода мебурданд. Дар натича мусофирон гохо соатхо дар навбати ташноби ягона меистоданд.
Борхо ба рохбаладон мурочиат кардем, ки ташноби дигарро хам кушоянд. Катъиян рад карданд. Бахона пеш оварданд, ки хар замон муфаттишон меоянду мо бояд як ташнобро тоза нигох дошта, ба онхо нишон дихем, вагарна моро чарима мекунанд.
Бепарвоии рохбаладон ба ходисаи нохуш расонд. Марде шикамдард будааст, мисли мурги посухта ин су давид, он су давиду… вагонро буи бад фаро гирифт. Рохбалади чавон, ба чои он, ки шарм дорад, ба масхараи он марди мулзам пардохт: «Ай мардак, изо намекаши? Ин чи гапай?» Вале ба тири нигохи мусофирони дигар тоб наоварду ба купеи худ рафт, аммо аздусар дари ташнобро накушод. Зеро ба марзи Русия наздик мерасидему он чо тафтиш сахттар мешавад, мегуфтанд.
(давом дорад)

Posted Февраль 2, 2012 by shohoni in Uncategorized

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: